Эъломияи Маркази Лев Гумилёв

Маркази Лев Гумилёв мутахассисони соҳахои гуногун, ба монанди мардумшиносон ва антропологҳо, устодони фарҳанг, ҳимоягарони ҳуқуқи халқҳои Русия ва ҷонибдорони дӯсти миёни кишварҳои муштаракулманофеъро муттаҳид сохта, бо мақсади ҳамрайъии халқҳои Авруосиёи таъсис ёфтааст. Принсипҳое, ки моро барои таъсис додани Марказ водор сохт, аз гуфтаҳои бузургмард Лев Гумилёв сарчашма мегиранд.
Лев Гумилёв бар он андеша буд, ки халқи рус, халқҳои Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ аз нигоҳи таърихӣ бо ҳам алоқамандии зиёд доранд. Мо як маҷмӯаи аз аз ҳам фарқкунанда ҳастем.
«Неруи система дар мураккабии он аст», – навишта буд Л. Гумилёв. Русия дар пояи мураккабӣ ва ассиметрӣ бунёд ёфтааст. Агар дар Русия шинохти этникӣ ва минтақавии фарқкунанда мавҷуд бошад, ба ҳамон андоза он кишвари устувор хоҳад буд. Вақте халқҳои Русия «нафас гирифта тавонанд», он ҳангом қомати Русия рост мешавад.

Ба тасдиқи Лев Гумилёв «халқ – неруи бузургест». Дар ҳолати бедоркунии дуруст неруи этникӣ қодир аст Русияро эҳё кунад.
Бинобар ин неруи асосии мо на дар Шоҳигарӣ, балки дар худи мо – дар Халқи Рус, халқҳои Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ нуҳуфта аст. Дороии асосии Русия на нефту газ, на артиш ва аппарати давлатӣ, балки Халқҳои Русия – сарвати гаронбаҳо мебошад.
Дар навиштаҳои Лев Гумилёв доир ба ашхоси машҳури Авруосиё: Чингизхон ва Александр Невский, қаҳрамониҳои Баҳроми Чӯбин ва корномаҳои эфталитиҳо маълумоти зиёд пайдо кардан мумкин аст. Тавре, ки Л. Гумилёв навишта буд, ҷомеаро на мансабдорону пулбозҳо, балки ҷасурону далерон бояд идора кунанд.
Ба тасдиқи Лев Гумилёв Русия на периферияи Ғарб, Аврупо ва Осиё аст, балки — тамаддуни алоҳидаест, ки аз халқҳои гуногун бунёд шудааст. Русия Қалб ва Офтоби Материки Авруосиёст. Посухи Л. Гумилёв ба ислоҳотхоҳон ва либералҳо хеле барҳақ буд: «Ман ба тарафи олмониҳо, ба Галеру намеравам».
Мероси бузурги авруосиёии рус хеле актуалӣ аст. Идеологияи авруосиёӣ ба вижа дар Русия ва кишварҳои собиқ шуравӣ имрӯз дурнамои васеъ дорад. Кишвари Русияе, ки дорои ҷароҳати кавказӣ мебошад, халқҳои Авруосиёиро бояд муттаҳид созад. Муттаҳидии Авруосиёиҳо барои Оромиш ва суботи халқҳои маҳаллии хурд мусоидат хоҳад намуд. Муттаҳидии авруосиёиҳо ситамдидагонро раҳоӣ мебахшад. Муттаҳидии авруосиёиҳо – методологияи ҳалли мухолифатҳост.
Ҷонибдорони ҳамрайъии Авруосиёии Русия Маркази Лев Гумилёвро бо он мақсад таъсис доданд, ки мисли бузургони гузаштаамон кӯшишашонро барои нигоҳ доштани худшиносии мо равона кунанд.

Ҷонибдорони ҳамрайъии халқҳои авруосиёӣ метавонанд мухолифати байни халқҳоро бартараф созанд, анъанаҳои неки ниёгонро эҳё ва манфиатҳои залилон ва ситамдидагонро ҳимоя намоянд.
Авруосиёӣ нақши миссияи геополитикӣ ва фарҳангии Халқи Русро мебозад. Лев Гумилев ба монанди Достоевский собит намуд, ки русҳо беш аз дигарон «дигар халқҳоро мефаҳманд ва қабул карда метавонанд». Оре, мақсади авруосиёӣ кишти тухми муҳаббат байни халқҳои гуногун аст.
Дар чунин давраи ҳассосу мавҷудияти нафрати байнимиллатҳо ҳамрайъии авруоисиёӣ ногузир аст ва маҳорату ҳунарро тақозо мекунад. Муҳаббати Русӣ марҳилаҳои хеле душворро паси сар мекунад. Вале то он даме Русия побарҷост, муҳаббат дар қалбҳои мардумони мо боқӣ хоҳад монд. Мо ба он бовар ҳастем, ки муваффақияти асосии халқҳои мо ва фарҳанги ба мо хос дар пойдории дӯстӣ ва муҳаббат зуҳур мекунад, бинобар ин ҷонибдорони ҳамрайъии авруосиёӣ дар вақти дилхоҳ дар Маркази Лев Николаевич Гумилёв ҷамъ меоянд.

Перевод с русского — Джамолиддин Якубов

Ҳадаф ва вазифаҳои Маркази Гумилёв.

Вам также может понравиться

Добавить комментарий

Ваш email не будет опубликован. Обязательные поля отмечены *

Вы можете использовать данные HTML теги: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>