Мардум Офтобӣ ва аксҳои Аниса

«Муқаддасоти асосӣ барои суғдиён Офтоб будааст», — гуфт дӯсти ман рассом Ирина Дмитриева- Ванн дар намоишгоҳи албоми аксҳои дӯсти дигари ман, шоир ва нависандаи хушқареҳа Аниса Собирӣ, ки шоми 20 ноябр дар меҳмонхонаи «Шератон» таҳти унвони «Нишонаҳои Суғдиён» баргузор гардид…
Воқеан ривояте ҳаст, ки вақте Офтоб худо буда, дар дунё, бадӣ, бахилӣ, бухлу кина, зулму истибдод, куштору ғорат … набуда…
Дунёро касе идора намекарда ҷуз гармӣ…
Мардум зери «диктаи» ягон қувваи дунёидоракун кор намекарда…
Ҳар кас пайи рӯзгори худ буда… касеро парвойи чизе набуда…
Аммо вақте низоми дунё дигар шуд, қувваҳое пайдо шуданд, ки дунёро идора мекунанд, Зулмот худо шуд…

Мо дигар бо «дикта» кор мекардагӣ шудем.
Бо «дикта» зиндагӣ мекунем…
Аммо ҳанӯз ҳам инсонҳои Офтобӣ будаанд. Ва Анисаи аккос ин чизро исбот кард.
Деҳа! Қишлоқ! Барои ҳар кас ҳар хел аст. Яке мехоҳад он ҷо тамошо равад. Дигаре мехоҳад он ҷо истироҳат кунад. Аммо ҳеҷ кас намехоҳад он ҷо зиндагӣ кунад.
Албатта ҳақ ҳам доранд! Он ҷо барқ нест, мағозаи дуруст нест! Зиндагие ки дил мехоҳад, кардан имкон надорад! Барои муосирон он ҷо воситаи асосии ҳастӣ –компутар нест! Интерет нест! Газета намерасад! Аҳён-аҳён телевизиру радиоро гӯш мекунанд. Барои занҳо мошинаи ҷомашӯйиву дарздӯзиву, тафдони нонпазиву, пилтаи хӯрокпазиву… муҳобот нест! Воқеан ҳанӯз ин гуна деҳаҳаҳо дар Тоҷикистон мавҷуданд. Аниса дар он ҷойҳо будааст. Ҳеҷ яке аз ин саҳнаҳои ман гуфта аз чашми дастгоҳи Аниса дур намондааст.
Ҷое зане дар гармии танӯр рухсораҳояш амсоли кулча сурх шуда, танӯр метафсонад, ҷое аллакай духтарчаҳо кулчаҳои ширмол дар дасташон хурсанд ба чашмаки камераи аккос менигаранд, чор- панҷ кампир «миш-миш пресс»-и худро ташкил кардаанду хабарҳои муҳими қишлоқро ба ҳам доду гирифт доранд. Ҷое мардон машғули сабзирезакунӣ ҳастанд, дар акси дигар кӯдаке, ки аз кӯҳ ҳезум ҷамъ кардааст, болои хари ҳезум савор хобаш бурда меояд, ҷое духтари қишлоқ касеро синчакорона мепояд…
Аниса Собирӣ ҳамаи ин саҳнаро ҳини сафарҳояш дар ноҳияҳои Айнӣ ва Масчоҳи кӯҳии вилояти Суғд аккосӣ кардааст. ӯ ба деҳаҳое рафтааст, ки ҳанӯз табиату фарҳанги бикр дорад, ҳанӯз бегонагон ба он дахл накардаанд. Аз ин деҳаҳо ҳанӯз метавон анъанаҳои гумшудаи мардумиро пайдо кард, калимаҳои зиёдеро ба фарҳанги забон ворид сохт, зарбулмасали зиёдеро ҷамъ кард ва яклухт ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт.
Ин мардум ҳанӯз офтобиянд. Аз чеҳраҳояшон, ки Аниса акс гирифтааст, маълум. Позитивизми онҳо одамро фараҳ мебахшад. Чеҳраашон тоза, банур, пок беолоиш ва моил ба табассум.
Ман ба аксҳои Аниса менигараму ба кӯчаҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав, Олмотӣ ва ҳамаи шаҳрҳои дигар муқоиса мекунам. Ин ҷо мардум ҳама дар таку дав чеҳраҳо гирифта, асабҳо вайрон. Олими адабиётшинос дар баҳс сари ким- кадом калима ё нуқта… физик дар фикри атом, журналист аз қафои ҳангома, файласуф сари баҳси ким чӣ, радиҳо воҳима, телевизион ёва, газетаҳо фақат хабари шум… бозор ҷанг… аммо ин мардум хурсанд, ризо. Чеҳраҳои онҳо бо инҳо ҳатто муқоисашаванда нест…
Дар ин сафарҳо Аниса танҳо ба аккосӣ банд нашудааст. Рисолати аслиашро ҳам фаромӯш накардаву чандин миниатураҳои аҷиб навишта, ки ба китоби наваш «Сон Мотылька» дохил хоҳанд шуд. Офаридаҳои охири ҳам насрӣ ва ҳам назмии Аниса… хай сари ин китоб, ки чоп шуд баъд хоҳем навишт…
Хулоса Аниса тавонист, ки моро чанд соат ба мардуми Офтобӣ пайванд кунад… Чанд соат мо – иштирокчиён баробари дидани 25 акси Аниса «вауууу» гӯем.
Аммо як эрод дорам, ягон асари Аниса дар танҳоӣ ном надорад. Гарчанде номи умумии «Нишонаҳои Суғдиён» бисёр бомаврид ва баҷо аст, аммо ҳар як асар номи алоҳида медошт, хуб мешуд. Ман фикр мекунам, ки ин аксҳо ва аксҳои пешинаву баъдӣ зери як мусаввада ҷамъ мешаванд ва муаллиф ин камбудии кӯчакро бартараф мекунад…
Ба Аниса барор!
Бигзор дунё Офтоб бошад… худо ҳам…

Одили НОЗИР

12295386_189931234679985_12895577730177156_n.

Лекториум он-лайн

[youtube_channel resource=0 cache=0 random=true fetch=25 num=1 ratio=3 responsive=1 width=306 display=thumbnail norel=1 nobrand=1 showtitle=above desclen=0 noanno=1 noinfo=1 link_to=none goto_txt="Visit our YouTube channel"]

Вам также может понравиться

Добавить комментарий

Ваш email не будет опубликован. Обязательные поля отмечены *

Вы можете использовать данные HTML теги: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>