Дар шаҳри Душанбе доир ба масоили Афғонистон бо иштироки коршиносони ватаниву байнулмилалӣ мизи гирд доир гардид.
Зимни кори як мизи гирд доир ба масоили Афғонистон дар Душанбе Павел Зарифулин, директори Маркази Лев Гумилёви Русия изҳор дошт, ки Русия ҳаракати «Толибон»-ро эътироф карданӣ нест, вале агар онҳо ба гуфтушунид бо Кобули расмӣ оғоз кунанд, омода аст, ки толибонро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ ихроҷ намояд.
«Робитаи ба истилоҳ Русия бо «Толибон», ки аз ҷониби сиёсатмадорони Ғарб бофта шудааст, ба ҷуз худи Русия, дигар барои ҳама нафъовар аст, — гуфт Зарифулин. — Ин ба нафъи ҳамон Ғарбу Кобули расмӣ аст, то ки минбаъд барои мубориза бо толибон кумак дастрас кунанд».
«Агар толибон аз муборизаи мусаллаҳона даст кашида, бо Кобули расмӣ ба гуфтушунид пардозанд, Маскав метавонад ҳаракати «Толибон»-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кунад», — илова кард роҳбари маркази таҳлилии Маскав.
Аваз Юлдошев, Asia-Plus