Аксакалы села Дуоба (Таджикистан): “Через Путина Бог говорит”
Ду Об: Ҷамоат — Иттиҳоди мардҳо
Эрони Русия
Ман аз болои пули кӯҳнаи оҳанини деҳаи наздики Душанбешаҳр, ки Дуоба ном дорад, аз ҷои ҳамроҳшавии рӯдҳои кӯҳӣ роҳ мепаймоям. Ба назар чунин мерасад, ки ин пули оҳанини ҷо-ҷо сӯрох аз замонҳои шӯравӣ инҷониб таъмирро надидааст. Аксари сокинони деҳаро тоҷикони Яғнобӣ ташкил медиҳанд. Яғнобиҳо бо забони шабеҳ ба лаҳҷаи скифҳо гуфтугузор мекунанд, ки ин барои муаллифи мақола хеле мароқангез аст. Дар қаҳ-қаҳаи дарёи қаҳваранг чашмони сабзи русӣ таҷассум гардидааст. Кишвари Тоҷикистон воқеан «Эрони Русия»-ро мемонад. Алоқамандии мардуми мо — русхо бо ин кишвари дурдаст ва бо халқи куҳанбунёди он хеле наздик аст. Дуоба» аз ду вожа иборат аст. Вожаи «Ду» бо забони русӣ маънои «Два»-ро ифода мекунад. Вожаи «Оба» маънои «Вода»-ро медиҳад. Воқеан мо фаромуш кардаем, ки номи дарёи «Обь» дар Русия кайҳо боз дар истифода аст. Чунки «Обь» унвон шудани дарё аз халқҳои эронитабор сарчашма мегирад. Вожаи «Об»-ро дар таркиби бисёр мафҳумҳо дучор омадан мумкин аст. Масалан, вожаи «Об-лако» (абр) маънои «Об дар осмон»-ро ифода мекунад. Вожаи «Об-лава» бошад, дар Русияи қадим ба маънои доштани моҳӣ ё моҳидорӣ ба кор мерафтааст. «Эрони Русия» — Тоҷикистон гузаштаи моро бозгӯ мекунад. Аз ин рӯ омаду рафт ба макони одамони хубу оддӣ барои скифҳои нави авруосиёӣ ҳатман зарур аст. Моро дар деҳаи Дуоба оқсақолҳои яғнобӣ дар масҷид ба меҳмонӣ пазируфтанд. Пас аз даст ба дуо бардоштан аз ҷониби мӯйсафеди нуронӣ болои қолин дастурхон густурда шуд ва дар кӯтоҳтарин муддат болои хон аз нони гарм ва похсақанди сафед пур шуд. Мизбонҳо нонро майда карда, ба назди ҳар нафари ҳозирбуда гузоштанд. Мо бо чойю нони гарм ва қанди сафед комамонро ширин намудем. Мӯйсафеде, ки дуо хонда буд, пас аз фаҳмидани мақсади мо номи деҳаҳо ва ҷойҳои зимистонгузаронии Яғнобро, ки қад-қади дарё ҷойгир будаанд, бо як оҳанге талаффуз намуд, ки хаёл мекардӣ дуо хонда истода бошад.
Асрори Ҷамоат
Дар масҷид рӯҳияи «маҳфили мардона» ҳукмфармоӣ дошт. Чунин «маҳфилҳоро» дар деҳоти кӯҳистони Осетия низ дучор омадан мумкин аст: Баъди хондани дуо ба рӯҳи Уастирҷӣ (Георгияи Муқаддас) аз ҷониби кӯҳансолтарин шахс дар назди ҷамоат дастурхон густурда шуда, болои он халтаи гӯшт, хуми май (вино) ва қуттиҳои кулчақанд гузошта мешавад. Аз ман одамон мепурсанд, ки дар шароити муосири Русия «Ҷамоат» чиро ифода мекунад? — Дар замони муосир дар Русия «Ҷамоат» вуҷуд надорад. «Ҷамоат- ин макони ҷамъ омадани Мардҳост. Ҳар як Мард ифодагари бисёрӣ аст: Яъне аввал Мард, сипас занон, кӯдакон, волидайни кӯхансол, ҳайвонот, молу мулк, чаманзор, нақлиёт дар паси Мардҳо меистанд. Дар замири қалби Ҷамоат – Майдони Қарор воқеъ аст, зеро танҳо Мардҳо барои баровардани Қарор аз рӯи табиати худ қодир ҳастанд. Дар симои Зан ҳаракат ниҳон аст, энергияи зан 10 маротиба болотар аз ҳар як мард аст. Вале барои занҳо қарор қабул кардан душвор аст. Хулоса, Мард дар хона қарор мебарорад . Ва масъаларо ҳал мекунанд Мардҳо. Масалан, киро ба ҷанг фиристодан даркор? Ҳудудро барои шикор ва барои кишт ба кӣ супурдан лозим? Ба муҳоҷирати чиниҳо ба дохили Авруосиё чӣ гуна муносибат мебояд? Оқсақолҳои Осиё, оқсақолҳои Қафқоз, бародарон дар сауна — ҳамаи инҳо ҷамоати бузургро ташкил медиҳанд. Мардҳо бо ҳам дар якҷоягӣ Қарор қабул мекунанд. Ҷамоати дигар ба кор намеояд. Бӯҳрони Мардӣ дар Русия рӯҳияи иҷтимоиро шикаста, оммаро дар ҳолати хаос қарор додааст. Идеяи «Ҷамоат» аз Тоҷикистон барои Русия дар замони имрӯза намунаи беҳтарин аст. Путин ва Тотем Оқсақолҳои яғнобӣ (ҳамаашон дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Аврупои Шарқӣ адои хизмат кардаанд) бо забони русӣ аз корномаҳои Ленин – Сталин, монанди баҳодуриҳои Рустам ва сарлашкар Баҳроми Чубин нақл оғоз карданд. Ҳокимияти шӯравӣ дар сарзамини тоҷикон бо достонҳои Фирдавсӣ омезиш ёфтааст. Васияти муйсафедони яғнобӣ аз «Эрони Русия» чунин буд: «Шумо дар Маскав истода ҳеҷ чиро намефаҳмед. Путин шахси худоназаркарда аст. Ба воситаи Путин Худо гап мезанад. Вай корҳои Ленинро мекунад. Вақте душманҳои ӯ мағлуб шуданд, ҳама ба Русия рӯ меоранд, вале шумо ҳамаро қабул накунед. Танҳо ба онҳое такя кунед, ки ҳамеша бо Русия ҳастанд. Мо муйсафедон, дар масҷид истода, ҳамеша даст ба дуо мебардорем, ки Путин ғолиб бошад. Шумо бояд дар Маскав ҷиддӣ кор кунед. Алҳол хуб кор накарда истодаед». Сӯҳбат тасфид. Дар қолаби тотемизми русӣ калаи Путин ба мисли моҳии щука аз қаъри асотири авруосиёӣ берун шуд.
***
Ду Об. Мурда ва Зинда. Васияти Ҷамоат аз ибодатгоҳи хеле дур трэки аҷибе буд, ки он сафар ба дунёи аҷдодиро мемонд. Яғнобиҳо, скифҳои мусулмон чашмони худро гӯё марҳами махсус молида бошанд, ба ашёҳои кӯҳнаи маълум назари кушода ва равшан доранд. Дар бозгашт аз болои кӯпруке, ки насими форам мевазад, гузашта кӯшиш мекунем ба Ду Об сарозер нашавем.
Павел Зарифуллин
Тарҷума: Джамолиддин Якубов