Ба мардуми Авруосиё мавзуъҳои экологӣ бегона нест. Дар барномаи экологии Ҳаракати «Авруосиё», ки аз ҷониби шарқшиноси рус Венера Галимова таҳия гардидааст, нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ҷой дорад, ки овардани онро дар ин ҷо зарур мешуморем: «Авруосиёиҳоро зарур аст, ки шароитро барои ҳимояи ҳуқуқҳои халқҳо, қавмҳо ба муҳити бехатарии экологии табиӣ ва иҷтимоӣ таъмин намоянд. Муҳити поку тоза ва рушди макон, ки онро «ландшафти экологӣ» мено- манд, бояд ҷузъи ҷудонашавандаи ҳуқуқи халқҳо бошад, ки ин санад дар конфронси дар Алҷазоир доиршуда соли 1976 тасдиқ гардидааст.
Фаҳмиши истилоҳи экология дар мардуми Авруосиё ба маънои макони рушд фаҳмида мешавад. Дар ин маврид шинохти қавмҳо пеш аз ҳама дар ҷои аввал меистад. Этнос аввал, экология идомаи баъдии он маҳсуб меёбад. Яъне ҳудуди зисти як халқ, экологияи этнос, бехатарии муҳити экологӣ, ки таркиби антропологӣ, фарҳангӣ, ҷуғрофӣ ва эко- логиро дарбар мегирад ва онро этносфе- ра меноманд.
Агар мо ба маънои вожаи «экология» баргардем, (аз вожаи юнонии. «ой- кос» — хона, манзил, хоҷагӣ, макони зист, ватан ва «логос» — фаҳмиш, илм), бе душворӣ умумияти семантикии экологияро бо фаҳмиши «макони рушд»-и авруосиёӣ пай бурдан мумкин аст.
Ибораи «Макони рушд»–маънои муҳити иҷтимоию таърихии халқ ва ҳамзамон маънои банд кардани масоҳатеро аз тара- фи халқҳо ифода мекунад. Ин «хобгоҳ»-и умумии мавҷудоти зинда мебошад, ки бо муҳити зист мутобиқ шудааст.
Дар фаҳмиши халқҳои авруосиёӣ зери ибораи «макони рушд» минтақаи фарҳангие фаҳмида мешавад, ки дар худ «иттиҳоди халқҳо»-и гуногун, ки тақдир онҳоро бо ҳам наздик гардонда- аст, таҷассум мекунад. Ин иттиҳод дар чорчӯбаи мушаххаси ҷуғрофӣ амал кар- да, онро бо аломатҳои умумии сохторӣ-типологӣ, монанди фарҳанги муштарак, усули хоҷагидорӣ ва ҳатто иттиҳоди забонӣ пайваст мегардонад. Намунаҳои чунин макони рушд: Балкан, Кавкази Шимолӣ, Волгаи Миёна, Волгаи Поён, Сибир, Шимоли Рус, Скандинавия ва ғайра мебошанд.
Тибқи фаҳмиши халқҳои Авруо- сиё экология ҳамчун илм ва таҷрибаи муҳофизати рушди макон, ҳифзи ватани халқҳо дониста мешавад. Ҳар халқ ва ҳар як иттиҳоди этникӣ дорои экологияи худӣ, тасаввуроти худӣ доир ба бехатарии экологӣ мебошад. Агар як гурӯҳи қавмҳо ба экологияи кӯлҳо афзалият диҳанд, барои гурӯҳи дуюм экологияи дарёҳо ва барои гурӯҳи сеюм экология ва захираҳои табиии баҳр муҳимтар аст. Ин ҷаҳонбинӣ ва тасаввуроти экологии қавмӣ бояд дар маҷмӯаи қонунҳо ва Конститутсияи иттиҳоди этникӣ дарҷ гардад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, масалан агар ба макони рушд фалокати экологӣ таҳдид намояд, дар ин маврид қавм ё иттиҳоди этникӣ ҳуқуқ дорад, «мустақилияти экологӣ»-и қавмро дар ҳудуди мушаххаси ландшафтӣ эълон намояд.
Халқҳо худашон кафолати нигоҳдории бехатарии этникӣ ҳастанд. Бинобар ин ягон халқе дар макони зисти худ тибқи анъаноти муққадаси қадима макони рушди худро вайрон намекунад. Хароб сохтани муҳити экологии ҷаҳонӣ кори дасти абарқудратҳо ва корпоратсияҳои трансмиллӣ мебошад.
Халқу қавмҳо ҷонибдори муҳити табиӣ ҳастанд, вале корпоратсияҳои трансмиллӣ баръакс душманони муҳити табиӣ мебошанд. Ҳамакнун фазоҳои кушод (монанди Русия ё Иттиҳоди Аврупо) ва давлатҳои миллӣ дар миёнаи ин баҳс мондаанд. Аз нуқтаи назари иттиҳодияҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳаракатҳои экологие, ки барои ҳифзи муҳити зист мубориза мебаранд, гурӯҳҳои фишор ва чапгаро, муқобилони ҷаҳонишавӣ ва анъанаҳои кӯҳнапарастӣ ҳисобида мешаванд. Нерӯҳои трансмиллӣ барои ҳимояи манфиатҳои худ ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои хеш аз бозиҳои сиёсӣ истифода намуда, ҳаракатҳои ҷаҳонии ҳифзи муҳити зистро бо он гунаҳгор менамоянд, ки гӯё онҳо («Сабзҳо) бо баҳонаи наҷоти сайёра манфиати рақибони иттиҳодияҳои мазкурро ҳимоя мекарда бошанд.
Вале имрӯз воқеан дар пеши назари мо «мавҷи нави экологӣ» зуҳур кардааст, ки бо эҳёи халқҳо тавъам аст. Ин «бедоршавӣ» бо сабаби инқирози давлатҳои миллӣ ба вуҷуд меояд. Халқҳо имрӯз барои соҳиб шудан ба худшиносӣ, забон, сарватҳои табиӣ ва дар баробари ин ба бехатарии экологӣ ва муҳити мусоид барои зистро тақозо доранд. Ҳаракатҳои ҷаҳонии экологиро мебояд, ки аз қолабҳои фаромарзӣ ва либералӣ сарфи назар намуда, ҷунбишҳои «экологияи мардумӣ»-ро истиқбол намоянд.
Ба андешаи ман он рӯз дур нест, ки ҳаракатҳои экологии мардумӣ — «Сабзҳо» ташаккул меёбанд ва онҳо ҳадафҳои ху- дро баҳри наҷоти муҳити зисти аҳолӣ на аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда, балки аз рӯи эҳтиёҷоти хоси мардуми маҳаллӣ амалӣ мегардонанд. Ҳаракатҳои ҷаҳонии экологӣ бояд барои эҳё ва худшиносии миллатҳо арҷ гузоранд ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, аз ҷумла амнияти экологӣ мусоидат намоянд. (Чуноне ки Байрон ба хотири наҷоти миллати Юнон ҷони худро нисор карда буд).
Экологҳо ва ҳомиёни ҳуқуқҳои халқҳо бояд дасти ҳам бигиранд. Ташкилотҳои фаъоли эколог-мардумшиносон дар ояндаи наздик пайдо хоҳанд шуд.
Павел ЗАРИФУЛЛИН,
Ҳамоҳангсози ҳаракат оид ба ҳуқуқи халқҳо
Тарҷума: Джамолиддин Якубов
Ссылки: