Зебоҳо

Кӯчманчиҳо зебоянд. Агар аз миёни бани одам мардон ва занон интихоб шаванд, зебоии кӯчманчиҳо зуд ба чашм мерасад»! Зебоӣ ва латофати гогентотҳо, барбарҳо, занҳои қазоқ, қалмиқ, нагайбакҳо ва лулиҳои мексикоӣ. Онҳо қоматбаланд ва аксаран аломоти рӯяшон нозук аст. Кӯчманчиҳо ашрофзодаҳои модарзоданд, онҳо ба боло назар медӯзанд, ба сӯи ситораҳо, ба соддагии осмонҳое, ки пешашон саҷда мекунанд. Дар даврони санг бани одам ҳамин гуна буд, то он замоне ки «тамғаи Қобил», зироаткорӣ, шуғли қавми лаънаткарда дар замин ёраш нагардид, то замоне ки миён хам кардаву кӯчак шуда, бо кофтани замин шуғл наварзид ва сиёҳии часпаки онро ба худ нагирифт.
Дар филми Хертсог «Чӯпонҳои Офтоб» кӯчманчиҳои муосири Сахараи ҷанубӣ нишон дода мешавад. Баландии қомати онҳо қариб 2,15 сантиметр ба ҳисоби миёна аст. Қади ин савораҳои аспҳои бохтарии як кӯҳона баробар ба қади бозингарони дастаи баскетбол аст. Ҳамин гуна мардон замоне даштҳои русиро соҳиб буданд. Ва мо то ҳол дар ин ҷову дар он ҷо қӯрғонҳои пур аз тилло боқимондаи устухонҳои ҷанговарони скифиро пайдо мекунем. Дар гарданҳои эшон садҳо ангуштони одамӣ овезон аст. Ин ангуштони душманҳои кушташуда аст, ки ба рӯяшон хокаи тилло пошидаанд. Ку як бор кӯшиш кун, сад душманро бикуш, кӯшиш кун ҳадди ақал як душманро бикуш. Инҳо чӣ гуна одамон буданд? Ва он чӣ замоне буд?

Фаношавӣ Антропологҳо ба ин назар ҳастанд, ки баландии қомат ба хӯрокхӯрии кӯчманчиҳо вобастагӣ доштааст. Масалан, кӯчманчиҳои африқоӣ –бушменҳо дар як рӯз ба ҳисоби миёна 21,40 калория ва 90 грамм протеин истеъмол мекунанд. Ин аз меъёри рӯзонае, ки ба ин гуна одамон тавсия мешавад, ба маротиб зиёдтар аст. Қади инсонҳо замоне паст шуд, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ рӯ оварданд. Ба андешаи антрополог Ричард Ли бушменҳое, ки дар биёбони Калахари зиндагӣ мекунанд, бештар аз сад намуди растаниро (14 намуди мева ва чормагз, 15 намуди тут, 18 намуди растаниҳои хӯрданибоб, 41 намуди решаву пиёз ва 17 намуд лубиё, харбуза ва дигар маҳсулотро истеъмол мекарданд. Баракси ин, фермерҳои муосир асосан 20 намуди растаниҳоро истифода мебаранд, ки аз ин миён сетояш-гандум, ҷуворӣ ва биринҷро аксар сокинони рӯи замин истеъмол мекунанд.
Таърихан, барои гурӯҳи мушаххаси инсонҳо танҳо як ё ду намуди ғалладонагиҳо вуҷуд доштааст. Ин хӯроки ҳақирона инсонро ба сӯи таназзул мебарад. Инсон хурд мешавад, дар навбати аввал қӯчманчигиро бас карда, ҳарчӣ бештар замини шайтониро газида, бераҳмона ба «лонаи гургона»-и шаҳрҳо гӯр мешавад. Моро паканаҳо иҳота кардаанд. Онҳо миёни худро ба сӯи замин хам мекунанд, заминро мекананд, дар он гӯр мешаванд, ба зону мезананд, дар замин зиндагӣ мекунанд ва мепӯсанд. Инро заминшиносӣ ва ё муҳофизакорӣ ҳам меноманд. Шаҳрвандон (аз калимаи шаҳр) пинҳон мешаванд, аз озодӣ ба мӯрчахонаҳои шаҳрҳо мегурезанд, ба бачадони девонаи ин мӯрчахонаҳо, матритсаҳои сард, ки ҳамаро бо занҷири ягона мебандад, хизмат мекунанд.

Рақсҳои қипчоқӣ

Youtube аз роликҳои шигифтовари арабҳои бадавӣ, бахтиёриҳои эронӣ ва балуҷҳои покистонӣ, ки бо такаббур дар аспҳову шутурҳо бо автоматҳои Калашников ҳаракат мекунанд, пур аст. Онҳо бо АКМ-ҳои мо хеле зебо ба назар мерасанд. Қашангҳо. Дар айни ҳол, дар кишваре, ки Калашниковро тавлид мекунанд, истеҳсоли чунин роликҳо комилан номумкин аст. Ин парадокс аст! Барои он ки соири сокинони кишвари мо муқимианд. Онҳо ба хоҷагидории муқимӣ машғуланд, аз ин рӯ, зебоии рақс бо силоҳи оташфишон барояшон дастнорас аст. Ҳарчанд ки дар мо ҳам корҳо чандон бад нестанд. Қочоқчиёни Поморие ва Приморие, казакҳои хуторҳои дур, оҳупарварони ёқутӣ ва эвенкӣ ҳоло ҳам метавонанд бо винчестери барои паррондан тайёр рақси қипчоқиро иҷро намоянд. (Барои бархе хонандагон-винчестер силоҳ аст, на пораи оҳани компютер). Ҳол он ки силоҳдорӣ ашрофзодаҳоро аз намояндагони қишрҳои пасттар ба таври возеҳ ҷудо мекунад.

Деҳқонони крепостной ва занҳои хонашин

Ба наздикӣ дар Питер семинари левгумилевӣ доир гардид, ки дар он оқсақол-академикҳо ба таври ҷиддӣ масъалаи зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд: оё антроселҳои муосирро кӯчманчигӣ шумурдан мумкин аст? Ман исрор варзидам, ки не! Меҳнатдӯстони вилоятҳоро, ки ҳар рӯз дар электричкаҳо савор шуда ба сӯи Москваву Питер мераванд, бо деҳқонони деҳаҳои Урал, ки Пётри Кабир ба заводҳои Демидов вобаста карда буд, муқоиса кардан мумкин аст. Ҳар субҳ онҳо аз деҳаҳои худ мебароянд ва ба тарафи корхона равона мешаванд. Пас аз чанд вақт ба корхона расида, ба кори вазнин шурӯъ мекунанд. Алъон, агар шартан бигӯем, онҳо аз деҳаҳои худ хориҷ шуда, ба дафтарҳои худ медароянд ва он ҷо коғазҳоро ба ҳаракат медароранд. Аммо онҳо сокинони муқимӣ боқӣ мемонанд, зеро маҳалҳои онҳо (деҳа-дафтар) сайрхатро муайян мекунад. Маҳалҳои ба замин мехкӯбшудаи онҳо якум аст, сайрхатҳо дуюм. Онҳо деҳқонони крепостной боқӣ мемонад, мисли ниёкони худ, то лағв шудани ҳуқуқи крепостноӣ. Дар дафтарҳои худ онҳо пойбанди компютерҳоянд, мисли бардаҳое, ки қаиқҳоро бел мезаданд! Бархе дар ин гуна хонаҳое, баробари сагхона мебошад, нишаста, бо иҷозаи хоҷааш аккос мезанад, аз ӯ устухони худро мегирад, аз онҷо худро кашола карда, ба сӯи деҳа ҳаракат мекунанд (яъне сагхона дар бинои бисёрошёнаӣ). Як шиноси ман бо насаби Коровняк наметавонист ҳатто то ҷои кор бирасад. Ва на танҳо то ҷои кор, балки ба дилхоҳ ҷое! Ӯ инсон не, балки мехе ба тобути ин ҷаҳон аст! Дар вазъи бадтар аз ин, занҳои хонашин, қарор доранд, чунки пойбанди якҷоянд. Ин ғуломӣ ба он оварда мерасонад, ки занҳо бо телевизор гап мезанад.

Даврони лӯлиҳо

Аммо ҳатто дар антроселҳои мо зиндагӣ дар ҷӯшу хурӯш аст. Ба қавли файласуфи фаронсавӣ Жил Делёз, зиндагии кӯчманчӣ интерметсо аст. Маҳалҳои саёҳат ба сайрхат тааллуқ доранд, бо он омехта мешаванд, сайрхат якум аст, маҳалҳо дуюм. Ман мунтазам дар электричкаҳои назди Москва пиесаҳои начандон калонеро, ки дар миёни консертҳо ин кӯчманчиҳо иҷро мекунанд, мебинам. Кӯчманчиҳо ғавғоро дӯст намедоранд, онҳо дар нисфирӯзӣ дар вагонҳои қариб бе мусофир оҳангҳои худро менавозанд. Онҳо мисли сароби рангоранг дар биёбони хунуки электричкаҳои бегонаи русӣ пайдо мешаванд. Оҳ, бале, онҳо лӯлизанҳоянд. Хушбинҳои маҳвшавандаи даврони суқути ҳаёти кӯчманчиҳо. Онҳо ба мисли офтоби ғурубкунандаи бунафшӣ, ки ҷадди худ-нахустин кӯчманчӣ Ҳобилро, ки ба Худои Осмонӣ қурбонии беҳтарини рамаи худро пешниҳод карда буд, ёд доранд. Қурбонии Ҳобил ва хуни Ҳобил тулӯъи олами кӯчманчиҳо буд, охир падари мо кӯчманчиҳоро дӯст медорад. Лӯлизан дар электричкаҳо суқути кӯчманчиҳоро намоиш медиҳад, зеро Модари мо хом аст. Замин кӯчманчиҳоро дӯст намедорад, вай танҳо бумиҳои барда, кӯдакони лӯлакпечро, ки дар батни сиёҳи ӯ пайдо шудаву ғел мезананд, қадрдонӣ мекунад. Дар нимашабони даврони кӯчманчиҳо занони лӯлӣ механданду шӯхӣ мекунанд. Сигор металбанду мӯи сарони аблаҳонро мекананд, аз онҳо қанду пул металбанд. Онҳоро аз офис -менеҷерҳо метарсонанд, таҳдид мекунанд, ки наздиконашон мефавтанд ва ба хизматчиён роҳи сафед таманно мекунанд! Онҳо вақти берӯҳи барқро аз худ кардаанд. Маҷбур мекунанд, ки механизми он ба тарафи муқобил давр занад. Сагҳои русиро зин заданд (на ба он маъно, ки русҳо саганд, ба он маъно, ки барқро «саг» меноманд). Онҳо ба мисли гузаштагони пешини худ мисли даврони тиллоияшон дар аҳди Пушкин зебо нестанд. Зиндагии бисёрсола ва омехта шудани ирқҳо бо муқимиҳо аз худ дарак медиҳанд. Аммо онҳо мағлубнашавандаанд. Тамаддуни мурдаистодаи муқимиҳо ҳамроҳи худ гӯри хунуки онҳоро бурда наметавонад. Ҳатто агар бибарад ҳам, дар он ҷо лӯлиҳо бозӣ мекунанду мерақсанд, мисли скрипканавоз дар дӯзах, мисли казак дар дӯзах, мисли яҳудӣ дар дӯзах, мисли Тёркин дар дӯзах-персонажҳои беҳисоби пурэнержии афсонаҳои оқилонаи русӣ. Ва шайтонҳои зеризаминӣ онро ба ақиб мепартоянд-аз маймунхонаи нопок, чунон ки ментҳо мекунанд, зеро намехоҳанд бо лӯлиҳо сару кор бигиранд, алалхусус бо лӯлиҳое, ки то имрӯз метавонанд чашми бад биоваранд, ояндаро бихонанд, ҳамаро чунон ки ҳаст, қисса кунанд. Кӣ боз дар ин даврони крепостноии мо ҳамаро чунон ки ҳаст, қисса карда метавонад?
Дар бораи лӯлиҳо аз замонҳои кӯҳан овозаҳои бад паҳн шудаанд, ки гӯё онҳо «кӯдаконро мерабоянд». Дар атрофи лӯлиҳо ривоятҳои аҷибу ғариб бофта шудаанд-рӯҳи махсуси ваҳшие», ки ҷавонону духтаронро ба мамлакатҳои ношинохташуда барои саёҳат даъват мекунад. Ба киштии роҳзанон ва ё ба киштии Степан Разин. Ба хотири «мӯъҷизаи ситораи сайёр» кӯдакон ҳозиранд, тамоми мушкилотро аз сар гузаронанд, тарсро пушти камарбанд партофта бо тамоми қувва ба ҳамвории сафеди беканор бидаванд.

Пасфардои инсон

Охир, интерметсои лӯлиҳо дар электричка мисли ҳабби умед дар «Қуттии Пандора» аст. Тибқи ривояти юнонӣ, гуноҳҳо ва ҳавасҳо аз ин «сандуқи мурдаҳо» фирор карда, ҷаҳонро пур карданд ва онро ба дунёи пур аз гуноҳ табдил доданд, аммо дар дохили қуттӣ Умед боқӣ монд. Ва он ба ҳеҷ чизе ӯҳдадор намекард ва ба чизе ишора ҳам наменамуд. Умед ба бозгашти Инсони кундшуда ба сӯи ашрофияти кӯчманчигӣ. Умед ба падари мо Ҳобил, ки ба сӯи Офтоб гӯсфанди тоза забҳшударо мебардорад. Аммо ин инсоният дигар мешавад. Бо қаду қомати зебо, ки ба осмонҳо саҷда мекунад на ба гӯрҳо, ба ситораҳо, ки ба таври ҳамешагӣ миёни шафақу гулханҳо кӯманчигӣ мекунад. Инсонҳои наҷиби шердил моро аз дунболи худ ба макони рушд меоранд, чунон ки паёмбари кӯчманчиҳо Николай Гумилев ваъда дода буд.

Ва шояд асрҳои каме монда бошад,
Вақте ба ҷаҳони сабзу кӯҳани мо,
Галаи қумҳои ваҳшӣ шитобон медаванд,
Онҳо баҳри Миёназаминро пур мекунанд,
Ва Париж, ва Москва ва Афинаро.
Ва мо ба чароғҳои осмонӣ бовар мекунем,
Дар уштурҳои худ бадавиҳо.

Қоматбаланд ва хушнуд, мусаллаҳ ва озод, зебоҳо аз фардои офтобӣ, аз ояндаи дурахшон, инсон баъди Қиёмат (Апокалипсис). Скифҳои нав. Ояндаи онҳоро мебинам ва ба сӯяш меравам.

Павел Зарифуллин

перевод Нуралӣ Давлатов.

Вам также может понравиться

Добавить комментарий

Ваш email не будет опубликован. Обязательные поля отмечены *

Вы можете использовать данные HTML теги: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>